Дар Бухоро нахустин меҳмонхонаи шабакаи "Wyndham Hotels & Resorts" боз мешавад

    Сайёҳӣ 16 Iyun 2021 1680

    15 июни соли 2021 дар меҳмонхонаи "Wyndham Tashkent" нишасти матбуотӣ бахшида ба имзои созишнома дар бораи ифтитоҳи меҳмонхонаи нави шабакаи "Wyndham Hotels & Resorts" дар Бухоро - "Ramada Encore be Wyndham Bukhara" баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ муовини вазири туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Аккулов, ҳокими вилояти Бухоро Б.Зарипов, раиси Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳои Ӯзбекистон Ф.Абдуллоева, инчунин директори рушди тиҷорат дар Русия ва мамлакатҳои ИДМ "Wyndham Hotels & Resorts" С. Егоров баромад карданд.

    "Wyndham Hotels & Resorts" - бузургтарин ширкат оид ба франчайзинги меҳмонхонаҳо дар ҷаҳон, ки беш аз 9 ҳазор меҳмонсаро дар 80 давлати ҷаҳон дорад, тавсеаи ҳузури худро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути кушодани меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Ӯзбекистон идома медиҳад.

    Меҳмонхонаи нави "Ramada Encore be Wyndham Bukhara" дар наздикии ҷойҳои таърихӣ ва дар масофаи 15 дақиқа аз фурудгоҳи байналмилалии "Бухоро" ҷойгир аст. Меҳмонхона 112 ҳуҷраи бароҳатро дарбар мегирад. Меҳмонон ба "Sky Lounge" дар ошёнаи боло ва тарабхонае дастрасӣ пайдо мекунанд, ки номгӯи таоми онҳо хӯрокҳои миллӣ ва аврупоиро пешкаш мекунад, менависад "Uzbekistan.Travel".

    Барои роҳати сайёҳон ва меҳмонон, дар маҷмааи SPA-и меҳмонхона толори варзишӣ бо таҷҳизоти муосир, ҳавзи пӯшида, сауна ва утоқҳои масҳ фаъолият нишон медиҳанд. Конфронси толори "Ramada Encore Bukhara be Wyndham " макони беҳтарин барои конфронсҳои хурд, тренингҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо хоҳад буд.