Ин ҷашнвора, ки ба намоиши васеи иқтидори сайёҳии Бухоро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин ба тарғиби минбаъдаи арзишҳои таърихии мо равона шудааст, на танҳо меҳмонони маҳаллӣ, балки сайёҳони хориҷиро низ ҷалб мекунад.
Барномаи ҷашнвора бо лоиҳаҳои гуногун ғанӣ гардонида шудааст. Имсол ҷашнвора бо раҳпаймоии корвони миллии ширкаткунандагон таҳти сарварии Насриддини Афандӣ аз мадрасаи Гавкушон то Маркази девонбегии Нодир оғоз шуд. Суруду оҳангҳое, ки дар кӯчаҳои шаҳри кӯҳна садо медоданд, инчунин лӯхтакҳои хурду калон бо тасвирҳои қаҳрамонҳои миллӣ, дар миёни сокинон ва меҳмонони ҷашнвора, бахусус сайёҳони хориҷӣ, ҳаяҷону завқ ба вуҷуд оварданд.
Маросими ифтитоҳи ҷашнвора дар назди мадрасаи Нодир Девонбегӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ муовини ҳокими вилояти Бухоро Б. Шаҳриёров суханронӣ карда, дар бораи аҳамияти ҷашнвора ва таърихи ташкили он маълумот дод. Вай ҳозиринро бо Рӯзи шӯхӣ ва ханда табрик гуфт.
Ҳамчунин, дар доираи ҷашнвора, дар баробари барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва консертӣ, таомҳои шарқӣ, бахусус палав – хӯроки миллии мардуми ӯзбек омода карда шуд, ки ба меҳмонон рӯҳияи болида бахшид.
Дар доираи ҷашнвора, дар маҷмааи «Гавкушон» азназаргузаронӣ-озмун баргузор гардид, ки ҳадафи он эътирофи беҳтарин ошпазон, ҳунармандон ва ҳунарпешагони вилоят буд. Дар 22 номинатсия 35 нафар иштирокчӣ бо ҷоизаҳои арзанда қадрдонӣ гардиданд.