Дар Бухоро Олимпиадаи IV байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ баргузор гардид

    Таълим 30 Yanvar 2024 1663

    «Аз таълимоти Абӯалӣ ибни Сино то давраи Эҳёи сеюм» — таҳти ҳамин шиор дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро олимпиадаи донишҷӯён барпо гардид.

    Дар он зиёда аз 200 нафар донишҷӯён аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Беларус, донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии тиббии кишвари мо ширкат доштанд.

    Иштирокчиён дониши худро дар якчанд бахш ва соҳаҳо санҷиданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли олимпиада бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва номинатсияҳои гуногун қадрдонӣ карда шуданд.

    Дар натиҷа, дастаи ДДТ Бухоро ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Асфандиёров ҷои 1-умро касб карданд.

    Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж ва дастаи Академияи тиббии Тошканд ҷойи 2-юм,

    Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ДДТ Самарқанд ва донишҷӯёни Академияи ҳарбии тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҷои 3-юмро соҳиб шуданд.

    Дар доираи олимпиада барои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ва ватанӣ оид ба илмҳои бунёдӣ, усулҳои тадқиқоти илмӣ, масъалаҳои мубрами педиатрия ва стоматология дар тибби муосир тақрибан 20 дарсҳои маҳорат гузаронида шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates