Дар Бухоро Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ баргузор мегардад

    Сайёҳӣ 27 Noyabr 2024 1498

    Аз 27 то 29 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бухоро Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ таҳти унвони «Табаррук зиёрат» баргузор мегардад.

    Дар доираи ин ҳафта, бо мақсади муаррифии Ӯзбекистон ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, тақдимотҳо бо иштироки коршиносон, таърихшиносон ва академикҳо, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, ки ба рушди сайёҳиизиёратӣ нигаронида шудаанд, баргузор мешаванд.

    Меҳмонони чорабинӣ метавонанд бо имкониятҳои фаровони Ӯзбекистон дар соҳаи сайёҳии зиёратӣ шинос шаванд, ки ба онҳо имкон медиҳад зебоиҳои таърихиву фарҳангии кишварро кашф кунанд ва инчунин дар бораи иқтидори сайёҳии таърихӣ миёни давлатҳои туркӣ маълумот гиранд.