Дар Бухоро ба шарофати низоми шинохти чеҳра ҷиноятро фош карданд

    Бехатарӣ 10 Aprel 2023 2219

    9 марти соли ҷорӣ, дар фосилаи байни 09:00 то 10:30 шаҳрванди ношинос ба фурӯшгоҳи заргарии тиллоӣ воқеъ дар ошёнаи дуюми маҷмааи савдои «Корзинка»-и шаҳри Бухоро меояд. Вай ноаён аз фурушанда як ангуштарии тиллои арзишаш 2 миллион сӯмро дуздида, аз ҷои ҷиноят фирор мекунад.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти бадкирдор бо истифода аз системаи шинохти чеҳра муайян карда шуд. Вай сокини ноҳияи Қӯнғироти Ҷумҳурии Қарақалпоқистон С.К., соли таваллудаш 1981 будааст.

    Аз рӯи ин далел тибқи қисми 1 моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

    Айни замон барои муайян кардани даст доштани ин шахс дар содир намудани ҷиноятҳои дигари нокушодаи ҳамин навъи ҷиноят корҳои тафтишотӣ идома доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates