Дар Бухоро аввалин Осорхонаи мероси ҷадидон таъсис дода мешавад

    Фарҳанг 15 Dekabr 2023 2708

    Дар Бухоро экспедиция бахшида ба ифтитоҳи нахустин Осорхонаи мероси ҷадидон, ки дар хонаи таърихии яке аз пешвоёни ҷунбиши ҷадидон Усмонҳоҷӣ Пӯлотхоҷаев бунёд мешавад, баргузор шуд.

    Объекти нодири меъмории Бухоро, ки солхои 1860-1870 сохта шудааст, ба маркази омӯзиши мероси мадании ҷадидҳо табдил меёбад. Барои татбиқи лоиҳа корҳои барқарорсозӣ дар қисмати кӯҳнаи нигоҳдошташудаи хона ва бозсозӣ дар қисматҳои навтари ҳамшафат ба нақша гирифта шудааст.

    Дар осорхона экспозитсия гузошта мешавад, ки он дастнависҳо ва ашёи шахсии намояндагони ҷадид, дастхатҳои қадимӣ, инчунин коллексияҳои назарраси адабиёти муосирро, ки мавзӯъҳои асрҳои XIX-ХХ-ро инъикос мекунанд, фаро мегирад.

    Дар бунёди ин намоишгоҳ писари Усмонҳоҷӣ Пӯлатхоҷаев Тимур Хоҷаоғлу кумаки калон мерасонад ва китобхонаи густурдаи мавзӯии худро ба осорхона тақдим мекунад.

    Лоиҳа бо ташаббуси Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо Агентии мероси фарҳангӣ амалӣ мегардад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates