Дар вилоятии Бухоро пеши роҳи фурӯши нӯшокиҳои қаҳваии дорои моддаи сахттаъсиркунанда гирифта шуд

    Бехатарӣ 22 Iyul 2025 542

    Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби Садорати Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Бухоро ва Департаменти назди Сарпрокуратура дар ноҳияи Ғиждувон гузаронида шуд, хонаи истиқоматии шаҳрванд (соли таваллудаш 1985), ки қаблан суд шудааст, бо иштироки шоҳидон тафтиш карда шуд.

    Дар натиҷа мавҷудияти 34 050 дона “KETO COFFEE MIX SLIM COFFEE”, 2790 дона “SLT SLIM LUX COFFEE”, 3000 дона “HOODIA CACTUS SLIMMING COFFEE”, 720 дона “SLIM GREEN COFFEE”, 5280 дона “NATURE COMPLEX LK FAT BURNING”, 1000 дона “ЛАО СЭ ЛОН”, 12 132 дона “FIT90 FAT BURNER”, 13 392 дона “РЕДУКСИН ЛАЙТ”, 23 292 дона “ЦЫНЗИШОУ PLUS” ва дигар воситаҳои доруворӣ, ки дар хориҷа истеҳсол гардида, санадҳои зарурии гумрукиро надоранд, ошкор гардид.

    Тибқи хулосаи муассисаи давлатии “Маркази амнияти маҳсулоти фармасевтӣ”, дар таркиби онҳо моддаи “сибутрамин” мавҷуд буда, ин модда тибқи қарори Девони Вазирон аз 2019 “Дар бораи ба танзим овардани муомилаи моддаҳои таъсири қавидошта дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” таҳти рақами 818 “сибутрамин” ба рӯйхати моддаҳое, ки таъсири қавӣ доранд, дохил карда шудааст.

    Аз рӯйи ҳолат нисбат ба ин шаҳрванд тибқи моддаи 251-1 қисми 5-уми Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. Дар доираи амалиёти тафтишӣ барои муайян кардани манбаи воридоти ин доруҳо аз хориҷ чорабиниҳо андешида мешавад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates