Дар Денвер ҳавопаймо бинобар дар муҳаррик қарор гирифтани як хӯргӯш изтирорӣ фуруд омад

    Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии United Airlines дар шаҳри Денвер, иёлати Каролина, аз сабаби он ки як хӯргӯш ба яке аз муҳаррикҳои он афтодааст изтирорӣ фуруд омад.

    Тавре ки ABC News хабар медиҳад, ҳавопаймои Boeing 737-800 дар масири Денвер – Эдмонтон парвоз анҷом медод. Дар он 153 мусофир ва 6 узви экипаж ҳузур доштанд. Баъди бархостани ҳавопаймо, дар яке аз муҳаррикҳо оташ сар зад.

    Ҳавопаймо фурудои маҷбуриро дар Фурудгоҳи байналмилалии Денвер (ИМА) анҷом дод. Ҳеҷ кас осеб надидааст, мусофирон бо ҳавопаймои дигар ба Эдмонтон парвоз карданд.

    Идораи федералии авиатсияи граждании ИМА таҳқиқи ҳодисаро оғоз намудааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, ин чорумин ҳолати сабтшудаи ворид шудани хӯргӯш ба турбинаи муҳаррики ҳавопаймо мебошад.