Дар Душанбе ДБОМ ва МТС Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024-ро имзо карданд

    Директори Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ (ДБОМ) Ҷавлон Ваҳобов зимни сафари корӣ ба шаҳри Душанбе бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) Хайриддин Усмонзода мулоқот кард.

    Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки рушди минбаъдаи онҳо ба манфиатҳои ҳарду кишвар мувофиқ аст. Дар ин росто, Х.Усмонзода нақши раҳбарони кишварҳои бародариро омили асосии рушд ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд номид.

    Зимни мулоқот ҳамчунин аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва амиқсозии ҳамкориҳо миёни ҷомеаи коршиносону таҳлилии ду кишвар таъкид шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби ДБОМ ва Маркази тадқиқоти стратегӣ ба баргузории конфронс дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони сохторҳои пажўҳишӣ ва таҳлилии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

    Зимнан зикр гардид, ки аҳамияти ин чорабинӣ бо зарурати «санҷиши соатҳо» оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи Ӯзбекистону Тоҷикистон ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ мушаххас мегардад.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарони марказҳои таҳлилӣ Нақшаи чорабиниҳои ДБОМ ва МТС барои соли 2024-ро имзо карданд, ки дар он ташкили сафарҳои мутақобила, иштироки коршиносон дар конфронсҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби марказҳои таҳлилии ду кишвар ташкил карда мешаванд, гузаронидани машваратҳои мунтазами дуҷониба дар остонаи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ ва баланд пешбинӣ шудааст ва ба ин васила омодагии худро барои амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ тасдиқ мекунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates