Олим аз Навоӣ Бадриддин Мақсудов мегӯяд, ки китоби ба наздикӣ дар бораи Амир Темур кашфшударо метавон қадимтарин дастнависи туркӣ номид, ки то мо расидааст.
Ба асари пештар маълуми қадимии хаттии туркӣ дар бораи Амир Темур санаи соли 1713 гузошта шудааст.
Дастнависи кашфшуда санаи раҷаби 1027 ҳиҷриро дорад. Ин ба моҳҳои июн — июли соли 1618 рост меояд. Олимон бар ин боваранд, ки ин санаи офариниши нусхаи асар аст, худи китоб шояд пештар навишта шуда бошад.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки муаллифи дастнавис кист ва нусхаи онро кӣ офаридааст.
Раиси раёсати Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва густариши мероси фарҳангии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов гуфт, ки нусхаи ин дастнависи нодир барои таҳқиқи амиқ бо иштироки муаррихон ва манбаъшиносони ӯзбекистонӣ ба Ӯзбекистон оварда мешавад.