баннер
30 Mar 2025
23:09

    Дар Ғазза намоишҳои зидди ҲАМОС баргузор шуд

    Дар шимоли сектори Ғазза бо иштироки садҳо фаластинӣ тазоҳуроти оммавӣ баргузор шуд.

    Эътирозгарон аз ҷунбиши Ҳамос изҳори норозигӣ намуда, талаб карданд, ки даргириҳои низомӣ бо Исроил хотима ёбад, менависад The Guardian.

    Ин бузургтарин ошӯб алайҳи гурӯҳи Ҳамос дар навори Ғазза пас аз ҳамлаи 7 октябр ба ҷануби Исроил буд. Ҳафтае пас аз азсаргирии бомбаборони Исроил дар Бейт-Лаҳия тазоҳурот бо шиорҳои интиқодӣ аз Ҳамос, аз ҷумла даъватҳо барои хотима додан ба хушунат ва бозгашт ба сулҳ баргузор шуд.

    Эътирозгарон дар назди беморхонаи Индонезия ҷамъ омаданд, ки дар даст шиорҳои "Ҷангро бас кунед" ва "Мо сулҳро мехоҳем"-ро доштанд.

    Шаби 18 март Исроил амалиёти низомӣ ва ҳамлаҳои худро алайҳи Ҳамос дар Навори Ғазза, ки аз 19 январ инҷониб оташбас дар он ҷо амал мекард, аз сар гирифт. Амалҳои ӯ посух ба радди нақшаи Амрико барои раҳоии гаравгонҳо ва тамдиди сулҳ дар давраи оташбас буд. Исроил қаблан ИМА-ро огоҳ карда буд, ки амалиёти ҷангӣ идома хоҳад ёфт. Аммо, Ҳамос гуфтааст, ки маҳз Исроил ҷони маҳбусонро зери хатар гузошта, сулҳро бекор кардааст, менависад gazeta.ru.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech