Тибқи маълумоти охирин, се нафар ҳалок ва беш аз 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
"Тибқи маълумоти мо, дигар нафаре дар вагонҳо намондааст ва ба ҳама ёрии тиббӣ расонида шудааст", — гуфт Зиллер.
Садама шоми якшанбе дар масири Зигмаринген – Улм рух додааст.
Бино ба тахминҳо, каме пеш аз ҳодиса дар маҳалли садама тӯфоне ба амал омада, роҳро вайрон кардааст, ки дар натиҷа қатора аз релс берун рафтааст.
Аммо то ҳол дар бораи сабабҳои садама маълумоти расмӣ вуҷуд надорад, хабар медиҳад report.az.
Тибқи маълумоти DPA, дар қатора тақрибан 100 нафар қарор доштанд.







