Тибқи маълумоти Ӯзгидромет, зуҳуроти хатарноки табиӣ метавонанд дар минтақаҳои зерин ба қайд гирифта шаванд:
Вилояти Қашқадарё: ноҳияҳои Яккабоғ, Деҳқонобод, Чироқчӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Қамашӣ ва Ғузор.
Вилояти Сурхондарё: ноҳияҳои Сариосиё, Узун, Олтинсой, Деҳнав, Бойсун, Шеробод, Шӯрчӣ, Қумқӯрғон ва Музработ.
Вилояти Самарқанд: ноҳияҳои Ургут, Самарқанд, Булунғур, Нурабод, Қӯшработ, Каттақӯрғон, Пайариқ, Ҷомбой ва Иштихон.
Вилояти Навоӣ: ноҳияҳои Хатирчӣ, Навбаҳор, Нурота, Конимех ва Кармана.
Вилояти Ҷиззах: ноҳияҳои Зомин, Бахмал, Ғаллаорол, Шароф Рашидов, Фориш ва Янгиобод.
Вилояти Тошканд: ноҳияҳои Оҳангарон, Бӯстонлиқ, Паркент, Пскент, Ӯртачирчиқ ва Юқоричирчиқ, инчунин шаҳрҳои Ангрен ва Олмалиқ.
Вилояти Намангон: ноҳияҳои Поп, Косонсой, Чортоқ, Чуст, Намангон ва Янгиқӯрғон.
Вилояти Фарғона: ноҳияҳои Сӯх, Шоҳимардон, Фарғона ва Бешариқ.
Вилояти Андиҷон: ноҳияҳои Андиҷон, Асака, Ҷалолқудуқ, Қӯрғонтеппа, Пахтаобод, Избоскан, Хӯҷаобод ва Марҳамат, инчунин шаҳри Хонобод.
Дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли ҷамъ шудани оби борон низ вуҷуд дорад, ки метавонад боиси обхезӣ ва зери об мондани ҳудудҳо гардад.
Аз сокинони минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ, истироҳаткунандагон, инчунин ронандагоне, ки дар роҳҳои кӯҳӣ ҳаракат мекунанд, даъват шудааст, ки қоидаҳои эҳтиётиро риоя намоянд.
Маълумоти муфассал дар канали расмии Телеграми Ӯзгидромет нашр шудааст.