Дар ин бора Сарсадорати авиатсияи шаҳрвандӣ (DGCA) хабар дод.
Тибқи иттилои DGCA, ҳавопаймои “Beechcraft C90”-и ширкати “Redbird Airways” аз Ранчи ба Деҳлии Нав парвоз мекард. Тақрибан 23 дақиқа пас аз оғози парвоз, тамос бо экипаж қатъ шуд ва ҳавопаймо аз радар нопадид гардид. Суқут дар минтақаи дурдасти ҷангалзор рух дод, ки ин амалиёти наҷотро мушкил кард. То ҳол дар бораи фавтидагон ё онҳое, ки ҷароҳат бардоштанд, маълумоти расмӣ вуҷуд надорад. Тафтишоти садама оғоз шудааст.
Ҳавопаймо марди 41-соларо бо сӯхтагии беш аз 60 фоизи баданаш ба Деҳлии Нав мебурд, хабар медиҳад report.az.