Дар ин бора “Reuters” бо истинод ба Агентии миллии ҷустуҷӯ ва наҷоти Индонезия хабар дод.
Эвакуатсияи ҷасадҳо идома дорад, вале бинобар душворгузар будани минтақаи кӯҳӣ амалиёт мураккаб шудааст.
Ҳавопаймо бо фармоиши Вазорати корҳои баҳрӣ ва моҳидории Индонезия дар парвози чартерӣ барои назорати ҳавоии минтақаҳои моҳидорӣ истифода мешуд. Дар дохили он ҳафт узви экипаж ва се корманди вазорат қарор доштанд.
Ҳавопаймо аз Ҷокякарта ба маркази Сулавесии Ҷанубӣ — шаҳри Макассар парвоз мекард, хабар медиҳад report.az.