Дар ин бора агентии Iran International хабар дод.

«Маҷлиси коршиносон зери фишори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (КСИИР) Муҷтабо Хоманаиро раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ интихоб кард», — гуфта мешавад дар иттилоъ.

Марги оятулло Хоманаӣ 1 март дар Эрон тасдиқ шуд. Ӯ дар натиҷаи ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба ҷумҳурӣ кушта шуд. Ҳамчунин ҳангоми ҳамла чор узви хонаводаи ӯ — духтар, домод, набера ва яке аз келинҳояш — ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад lenta.ru.