Сарвазир Шаҳбоз Шариф таъкид кард, ки ин қарор робитаҳои зичи таърихӣ ва фарҳангии ду кишварро инъикос намуда, ҳамзамон сатҳи стратегии шарикии бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Покистонро бори дигар тасдиқ мекунад.

Ба таври махсус зикр гардид, ки кӯчаи «Тошканд» ва боғи ба номи ниёи бузурги мо Заҳириддин Муҳаммад Бобур рамзи равшани ӯҳдадории мутақобили ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумон хоҳанд шуд.