Дар Женева ҷаласаи 6-уми Гурӯҳи корӣ оид ба узвияти Ӯзбекистон ба СУТ баргузор мешавад

    Ҳайат аз Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳти сарварии муовини Сарвазир Ҷамшид Хоҷаев бо сафари корӣ дар шаҳри Женеваи Швейсария қарор дорад. То имрӯз доир ба рӯзномаи сафар як қатор вохӯриҳо бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир гардиданд.

    Аз ҷумла, 14 марти соли 2023 муовини Сарвазир Ҷ. Хоҷаев бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат (СУТ) Нгози Оконҷо-Ивеала мулоқот анҷом дод.

    Зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди шомилшавии Ӯзбекистон ба СУТ, аз ҷумла доир намудани ҷаласаи 6-уми Гурӯҳи корӣ 14-15 марти соли равон баррасӣ шуданд. Зарурати пурзӯр намудани гуфтушунидҳои дуҷониба оид ба дастрасӣ ба бозори молу хизматрасонӣ бо тамоми кишварҳои узви СУТ ва имзои протоколҳои дахлдор оид ба анҷоми онҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба воридшавии кишвар ба Созмон зикр гардид.

    Директори генералии СУТ аз кори ҳукумати Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби раванди шомилшавии ҷумҳурӣ ба СУТ, аз ҷумла баргузории музокироти дуҷониба бо кишварҳои калидии узви ин созмон истиқбол кард. Ба гуфтаи вай, ба шарофати иқдомоти фаъоли ҷониби Ӯзбекистон ҳамкориҳо бо ин созмон ривоҷи мусбат пайдо кардааст.

    Дар ҳоли ҳозир ҷаласаи 6-уми Гурӯҳи корӣ оид ба узвияти Ӯзбекистон ба СУТ ҷараён дорад, ки дар давоми ду рӯз беш аз 10 санади нави марбут ба тамоми ҷанбаҳои низоми тиҷорати ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates