Дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки солҳои охир дар соҳаи кадастр, чун дар бисёр соҳаҳои дигар, ислоҳоти пайдарпай гузаронида шуданд.

Мувофиқи Қонун "Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ" тартиби додани ном ва тағйири номи объектҳои ҷуғрофӣ, гузаронидани экспертизаи давлатии номҳо, додани хулосаҳо ва тавсияҳои мувофиқ, инчунин пеш бурдани Феҳристи давлатии онҳо муқаррар шудааст.

Дар тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ба Агентии кадастр 19 165 пешниҳод оид ба номгузорӣ ва тағйири объектҳои ҷуғрофӣ барои гузарондани экспертизаи давлатӣ расид. Аз инҳо: нисбати 13 461 номгӯи объектҳои ҷуғрофӣ хулосаҳои мусбии коршиносон оид ба мувофиқат ба талаботи қонунгузорӣ, 5595 ном ба талаботи қонунгузорӣ номувофиқ дониста шуда, аз ҷониби комиссияҳои ҳудудӣ барои аз нав дида баромадан баргардонида шуданд. 1220 пешниҳоди номгузорӣ дар баррасии коршиносон қарор дорад.

Имрӯз Феҳристи давлатӣ номҳои 120 ҳазору 674 объекти ҷуғрофиро дар бар мегирад.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 7 сентябри соли 2020 № ҚП-4819 "Дар бораи чораҳо оид ба ташкили фаъолияти Агентии кадастри назди Кумитаи давлатиии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон" дар таркиби Маркази аэрогеодезии ҷумҳуриявии Агентии кадастр Хидмати топонимикии ҷумҳуриявӣ, ки бо мутахассисони баландихтисоси соҳаи топонимикӣ пурра карда, бо шароити дахлдори меҳнатӣ таъмин мебошад, таъсис дода шудааст.

Илова бар ин, талаботи стандарти давлатии омодасозӣ ва насби аломатҳои дорои номҳои ҷуғрофӣ таҳия шуда, барои истифодаи минбаъда бо тартиби муқарраргардида ба минтақаҳо фиристода шуданд.

Ҷамъияти топонимикии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст, ки дар корҳои илмӣ, амалӣ, пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба номҳои топонимикӣ ва ҷуғрофӣ, додани номҳо, батартибдарорӣ ва гузарондани экспертизаи  ҷуғрофии объект фаъолона иштирок мекунад.

Дар баробари ин, дар ҷамъомад баъзе таъхир дар иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» баррасӣ шуд.

Аз ҷумла, ҳамкории низомноки Агентии кадастр бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, вазорату кумитаҳои дахлдор дар соҳаи додани номҳо ба объектҳои ҷуғрофӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар натиҷа, корҳои татбиқи инвентаризатсияи пурраи объектҳои ҷуғрофии мавҷуда, инчунин гузарондани экспертизаи давлатии номҳои онҳо ва ба Феҳристи давлатӣ ворид кардани онҳо то ҳол ба анҷом нарасидааст. Дар мисоли танҳо кӯчаҳо (ҳама намудҳо) қайд карда шуд, ки аз 116 650 кӯчаҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ 29 784 (25,5%) ба Феҳристи давлатӣ дохил карда нашудаанд.

Инчунин дар ҷамъомад қайд гардид, ки дар вилояти Андиҷон инвентаризатсияи пурраи шаҳракҳо, деҳаҳо, нуқтаҳои аҳолинишин ва таркиби онҳо то охир гузаронда нашудааст, инчунин  мувофиқати номҳои объектҳо ба талаботи қонунгузорӣ пурра таҳлил карда нашудааст. Дар натиҷа, номҳои 13 деҳа, 69 нуқтаи аҳолинишин аз Феҳристи давлатӣ хориҷ карда нашуданд, корҳои дохил кардани 7 маҳалла, 16 мавзеъ, 14 майдон, 24 боғ, 20 хиёбон, 73 зиёратгоҳ, 959 қабристон, 12 автоистгоҳ , 9 вокзал ба анҷом расонда нашудааст.

Кор оид ба гузарондани экспертизаи давлатӣ ва бо қарорҳои дахлдори Шӯроҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ тасдиқ намудани номҳои кӯчаҳои дар вилоят мавҷуд ва ба Феҳристи давлатӣ ворид намудани онҳо то охир расонда нашудааст.  Умуман, дар вилоят 658 номи кӯчаҳои мавҷуда ба Феҳристи давлатӣ дохил карда нашудаанд.

Дар рафти ҷамъомад дар назди роҳбарони вазорату идораҳои алоқадор, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, инчунин Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд оид ба барҳам додани камбудиҳои зикршуда вазифаҳои аниқ гузошта шуданд.