Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    Ҳукумат 14 Oktabr 2021 1207

    Дар ҷамъомади навбатии Президуми Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳисоботи роҳбарони Кумитаи давлатии байторӣ ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳо дар бораи самарабахшии чораҳои оид ба таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 марти соли 2021 № ҚП-5017 “Дар  бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии минбаъдаи давлатии соҳаи чорводорӣ» андешидашаванда ва вазифаҳои афзалиятнок то охири соли равон шунида шуданд.

    Ба мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур қарори Девони Вазирон аз 12 июли соли 2021 № 434 “Дар бораи тасдиқи Низом оиди тартиби додани субсидия ба хоҷагиҳои чорвопарварӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ барои маҳсулоти парваришнамуда ва фурӯхтаи онҳо” қабул гардид. Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар соҳаи чорводорӣ зиёда аз 11 ҳазор субъект мавҷуд аст, аз ҷумла дар самти чорводорӣ - 7,1 ҳазор, гусфандпарварӣ - 3,2 ҳазор, асппарварӣ ва шутурпарварӣ - 194 субъект.

    Дар солҳои охир дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои калон дар соҳаи чорводорӣ шумораи хоҷагиҳои дорои 100-300 сар чорвои калони шохдор ба 5,6 ҳазор адад, бо саршумори 300-500 сар - то 460 адад, бо 500-1000 сар чорвои калон - то 264 адад афзуд. Дар натиҷаи дастгирии минбаъдаи давлатӣ дар соҳа, ки сол аз сол рушд меёбад, шумораи минтақаҳои ба чорводорӣ махсусгардонидашуда меафзояд.

    Ҳамин тариқ, тибқи қарор корҳо оид ба махсусгардонии ноҳияҳои Касбӣ, Нишон, Миришкор ва Косони вилояти Қашқадарё ба соҳаи чорводорӣ ва ташкили комплексҳои чорводории муосир оғоз шуданд.

    Аз ҷумла, дар ҶММ «Юрт ризки наслчилик» -и ноҳияи Касбӣ барои 500 сар комплекси муосири чорводорӣ, ҶММ “Рустамов З.” дар ноҳияи Нишон барои 600 сар, ҶММ “UZ ENGINEERING CONSTRUCTION Ndh” дар ноҳияи Косон барои 500 сар, инчунин дар хоҷагии фермерии “Валиҷон Вохаси”-и ноҳияи Миришкор барои 500 сар бунёд ёфта, ба истифода дода шуд.

    Тибқи қарор ҷудо кардани субсидия аз буҷети давлатӣ ба хоҷагиҳои чорводорӣ барои рӯёндан ва фурӯши гӯшт, шир, тухм, гӯшти парранда, инчунин моҳии оби сард бо усули интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз буҷети давлатӣ ба маблағи 906 миллион сӯм субсидия ба 38 корхонаҳои чорвопарварӣ ҷудо карда шудааст.

    Ба ғайр аз ин, мувофиқи қарор ба мақсади дастгирии минбаъдаи субъектҳои соҳибкорӣ ба 11 хоҷагии фермерии чорвопарварии вилоятҳои Навоӣ, Ҷиззах, Қашқадарё, Намангон ва Самарқанд, ки пардохтҳои қарзиро сари вақт амалӣ намудаанд, аз Фонди давлатии фаъолияти соҳибкорӣ боз аз рӯи қарзи гирифташуда ба маблағи 9 миллиарду 415 миллион сӯм кафолат дода шуданд.

    Бо мақсади таъмини интиқоли устувори гӯшт, шир, тухм ва дигар маҳсулоти чорводорӣ ба бозори истеъмолии дохилӣ, васеъ намудани базаи хўроки чорво, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар давраи гузашта 1536 лоиҳаҳои арзиши умумиашон 4 триллиону 311 миллиард сӯм татбиқ шуда, дар натиҷаи онҳо 14 ҳазор ҷойи корӣ созмон дода шуданд.

    Дар баробари чорабиниҳои ҷорӣ дар соҳаи чорводорӣ дар ҷамъомад мавҷудияти имкониятҳои истифоданашуда дар маҳал, суръатбахшии минбаъдаи корҳо оид ба рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ ва хизматрасонӣ, инчунин як қатор мушкилоти вобаста ба мукаррар намудани муносибати илмӣ ба фаъолияти чорводорӣ зикр гардид.

    Ҳамзамон дар ҷаласа вазифаҳои афзалиятнок барои оянда муайян шуданд. Бинобар ҷамъбасти ҷамъомади Президиуми Девони Вазирон оид ба таъмини татбиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯбекистон “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии минбаъдаи давлатии соҳаҳои чорвопарварӣ” қарори дахлдор қабул гардида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates