Дар рафти ҷамъомад ҳисоботи муовини якуми вазири сармоя ва савдои хориҷӣ А. Воитов, ёрдамчиёни ҳокимони вилоятҳои Андиҷон ва Тошканд оид ба рушди саноати маҳаллӣ А. Халилов ва Р. Юлдашев дар қисмати корҳои оид ба рушди минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, инчунин саноатии ҷавонон ва соҳибкорон амалишуда шунида шуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки аз рӯи ҷамъбасти моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ:

  • дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 495 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 2,7 миллиард доллар амалӣ гардида, 38,5 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд;
  • дар минтақаҳои хурди саноатӣ 1645 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиаш 5,2 триллион сӯм татбиқ гардида, 41,7 ҳазор ҷойҳои корӣ созмон дода шуданд;
  • дар минтақаҳои саноатию тиҷоратии ҷавонон 73 лоиҳаи соҳибкорони ҷавон бо арзиши умумии 108 миллиард сӯм амалӣ гардида, 1655 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон-Фарм» 2 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 12,7 миллион доллари ИМА аз ҷадвали муқарраршуда қафо мондааст, инчунин роҳбарони ноҳияҳои Бӯстон, Олтинкӯл ва Пахтаобод оид ба ташаккули лоиҳаҳои сармоягузории ояндадор барои ҷойгиркунии минбаъдаи онҳо дар ҳудуди минтақаҳои саноатӣ ва соҳибкории ҷавонон корро ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ намондаанд.

Ғайр аз ин, аз нақшаи ҷадвал қафо мондани татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии вилояти Тошканд ҷойгир карда шудааст, қайд гардид.

Дар натиҷаи муҳокима нисбат ба роҳбароне, ки дар ин самтҳои актуалӣ корро ба дараҷаи бояду шояд таъмин накардаанд, чораҳои таъсирбахши ҷавобгарии интизомӣ дида шуданд.

Дар баробари ин зарурати таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди соҳаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ, инчунин минтақаҳои саноатию соҳибкории ҷавонон муайян карда шуд.

Дар ин замина ба инҳо диққати махсус дода мешавад:

  • таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҷойгиркунии қитъаҳои замин дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва хурди саноатӣ барои ҷойгиркунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар аукционҳои электронии онлайн;
  • бо тартиби мукарраргардида ба Девони Вазирон ворид намудани лоиҳаи санади меъёрию ҳуқуқӣ, ки дар минтақаҳои хурди саноатӣ ба музояда гузоштани қитъаҳои замин, инчунин тартиби хусусигардонии қитъаҳои замин, биноҳо ва иншоотҳои пештар ҷудокардаи соҳибкоронро пешбинӣ менамояд;
  • ба савдоҳои музоядаи электронӣ гузоштани қитъаҳои замин дар ҳудуди минтақаҳои саноатию соҳибкории ҷавонон;
  • муайян намудани чораҳои мушаххас оид ба ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти тайёри саноатии замонавии рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, ба содирот нигаронидашуда дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ.

Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад ба ёварони Раиси  Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ва дирексияҳои минтақаҳои саноатӣ оид ба рушди саноати маҳаллӣ бобати ташкили кори муштарак супоришоти дахлдор дода шуданд.