Дар ҷаласаи навбатии Раёсати Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазъи корҳо оид ба иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 декабри соли 2020 № ҚП-4937 "Дар бораи чораҳои татбиқи Барномаи сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2023" баррасӣ гардида, ҳисоботи роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ шунида шуд.
Тибқи Барномаи сармоягузорӣ оид ба ҷамъбасти моҳҳои январ-майи соли равон ба маблағи умумии 4,4 миллиард доллар сармоя азхуд карда шудааст ё дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои пешбинишуда 110 фоиз иҷро шуданд.
Аз ҷумла, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва қарзҳо 2,4 миллиард доллар, ёки 125 фоизи пешбинишуда, маблағҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ташкилотҳои молиявии ҳукуматии хориҷӣ - 799 миллион доллар ё 101 фоизи пешбинишавандаро ташкил доданд.
Нишондиҳандаҳои пешгӯии рушди азхудкунии сармояҳои мустақими хориҷӣ ва қарзҳои ҶС «Ӯзбекнефтегаз», иттиҳодияҳои «Ӯзэлтехсаноат», «Ӯзтуқимачиликсаноат» ва «Ӯзсаноатқурилишматериаллари», Агентии рушди саноати дорусозӣ, Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилояти Хоразм ва шаҳри Тошканд бо профитсит иҷро шуданд.
Маблағҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ташкилотҳои молиявии ҳукуматии хориҷӣ асосан ба соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, кишоварзӣ ва хоҷагии об, тандурустӣ, маориф, коммуналӣ ва сохтмони манзил равона карда шуданд.
Ғайр аз он, дар доираи Барномаи сармоягузорӣ 29 иншооти бузурги истеҳсолӣ ва иқтидорҳо ба маблағи 907 миллион доллар ба истифода дода, зиёда аз 6000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботҳои муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ А.Воитов, вазири энергетика А.Султонов, вазири кишоварзӣ Ж. Хоҷаев, вазири тандурустӣ А.Ҳоҷибоев, муовини ҳокими вилояти Бухоро Р. Асадов, муовини ҳокими вилояти Навоӣ К. Ҳасанов, муовини ҳокими вилояти Самарқанд О. Хоҷаев, муовини ҳокими шаҳри Тошканд Ш. Раҳмонов, раиси раёсати ҶС "Ӯзсувтаъминот" С. Сайфназаров оид ба самаранокии тадбирҳо оиди татбиқи Барномаи сармоягузорӣ барои солҳои 2021-2023 шунида шуданд.
Дар баробари ҳисобот дар ҷараёни ҷамъомад камбудиҳои дар кори азхудкунии сармояҳои мустақими хориҷӣ ва қарзҳо роҳдодашуда, таъмини ба кор даровардани объектҳо ва иқтидорҳои калони истеҳсолӣ муфассал баррасӣ шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ қарор қабул шуд, ки нисбати роҳбароне, ки муносибати бемасъулиятона зоҳир кардаанд, чораҳои дахлдори интизомӣ андешида шаванд.
Бинобар ҷамъбасти ҷаласа оид ба азхудкунии самараноки сармояҳои мустақими хориҷӣ ва қарзҳо, маблағҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ташкилотҳои молиявии ҳукуматии хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ муайян карда шуданд.
Дар баробари ин, ба инҳо эътибор дода шуд:
- то охири соли равон таҳия ва тасдиқи ҷадвалҳои моҳонаи ба истифода додани лоиҳаҳо, ки дар доираи Барномаи сармоягузорӣ барои солҳои 2021-2023 амалӣ карда мешаванд;
- ташаккули бастаҳои пешниҳодҳо барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ бо роҳи омӯзиши ширкатҳои пешбари машваратии ниёзҳои сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ;
- коркарди пешниҳодҳо оид ба такмил додани баҳисобгирии сармояҳои мустақими хориҷӣ ва қарзҳои ҷалб ва азхудшуда дар қисмати секторҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо.