Дар Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    Ҳукумат 7 Dekabr 2021 1347

    Дар ҷамъомади навбатии Раёсати Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳисоботи роҳбарони Кумитаи давлатӣ оид ба хоҷагии ҷангал, Агентии оид ба кадастри назди Кумитаи давлатии андоз, Вазорати кишоварзӣ, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳо оид ба  самарабахшии корҳо оид ба таъмини иҷрои амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8 июни соли 2021 №ФП-6243 "Дар бораи чораҳо оид ба таъмини баробарӣ ва шаффофият дар муносибатҳои замин,  ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ба замин ва ба активи бозаргонӣ табдил додани онҳо", инчунин ҷорӣ кардан тартиби барои ҳама баробари ҷудо кардани қитъаҳои замин, ки аз тамоюлҳои шаффофият ва иқтисоди бозаргонӣ, кафолатҳои устувории шароит дар доираи муносибатҳои амволу ҳуқуқӣ асос меёбанд, шунида шуд.

    Замин яке аз сарватҳои муҳимтарини миллии мамлакат буда, он инчунин асоси пойдори тараққиёти ҳамаи соҳоҳои хоҷагии халқ ва воситаи муҳими истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мебошад.

    Дар айни замон барои таъмин намудани баҳисобгирии дурусти захираҳои замин, рушди самарабахши кишоварзӣ, идоракунии устувор дар бисёр соҳаҳо, ташкили истеҳсолот, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо муносибатҳои нав ташаккул ёфтаанд.

    Дар баробари ин то ҳол ба аз байн бурдани ҳодисаҳои ғайриқаноатбахш истифода бурдан аз заминҳои хоҷагии қишлоқ, худсарона забт кардани замин ва сохтмони ғайриқонунӣ муяссар нашудааст.

    То 10 октябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 58 682 факти худсарона ғасб кардани замин, сохтмони ғайриқонунии манзил ва дигар иншоот дар майдони умумии 16 326 гектар ошкор карда шудааст.

    Мутаассифона, аз ҳолатҳои ошкоршудаи вайрон кардани қонунгузории замин 9241 гектар (56,6 фоиз) майдони кишти обёришаванда мебошад.

    Аз ҷумла, дар вилояти Намангон ҳолатҳои худсарона ғасб намудани 2255 гектар, вилояти Самарқанд - 2100 гектар, вилояти Ҷиззах - 1923 гектар, вилояти Фарғона - 1662 гектар, вилояти Хоразм - 723 гектар ҷой доштанд.

    Ба ғайр аз ин, ҳатто пас аз қабули Фармон ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо қарорҳое, ки талаботи қонунро вайрон мекунанд, қабул кардаанд, ки ҷудо кардан, вобаста кардани замин ва дигар намудҳои ҳуқуқ барои ихтиёрдории заминро пешбинӣ менамоянд.

    Масалан, баъди қабули Фармон дар ноҳияи Шароф Рашидов 700 гектар, ноҳияи Боёвут - 117 гектар, ноҳияи Хӯҷайлӣ - 80 гектар майдони замин ба ихтиёри хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ барои сохтмони пункти хидматрасонии маишӣ, дар ноҳияи Данғара - 6,8 гектар замини обёришаванда бо бонитети 57 хол барои сохтмони биноҳои савдо ва дигар биноҳо ҷудо карда шудааст.

    Аз ҷумла, аз ҷониби ҳокимҳои ноҳияи Данғара – 50, ноҳияи Ӯзбекистон – 26, ноҳияи Тошлоқ – 16, ноҳияи Риштон – 15, шаҳри Қувасой – 11, ноҳияи Бешариқ – 3, ноҳияи Учкӯприк – 2 қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо кардани замин аз ҳисоби заминҳои обёришавандаи зироаткорӣ қабул карда шуданд.

    Чунин ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин дар ноҳияҳои Ғӯзор, Чироқчӣ, Қаршӣ, Уйчӣ, Намангон, Оқолтин, Чуст, Ҳазорасп, Нишон, Боғот, Гурлан ва шаҳри Янгиер низ мушоҳида шудаанд.

    Бинобар натиҷаҳои баррасӣ дар ҷамъомад ба вазорату идораҳои масъул, инчунин Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятҳо оид ба барҳам додани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирии минбаъд такрор шудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин супориш дода шуданд. Дар баробари ин ба таъмини инҳо эътибори хоса дода шуд:

    дар асоси қоидаҳои Фармон дақиқ кардани вазифаҳои масъулон оид ба ташкили чорабиниҳои дахлдор бо дарназардошти он, ки аз 1 январи соли 2022 ба иҷора додани заминҳои фонди ҷангали истифоданашуда ва аз 20 декабри соли 2021 заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қатъиян ба воситаи онлайн-ауксионҳои электронӣ ва дар асоси озмун, инчунин назорати самарабахшии иҷрои онҳо амалӣ гардонда мешаванд; риояи талаботи дар соҳаи муносибатҳои замин муқарраршуда дар қисмати назорати қатъии давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

    бо назардошти он ки ҳар як порчаи замин ба тилло баробар аст, ба онҳое, ки заминро қадр мекунанд, аз он самаранок истифода бурда метавонанд, мехоҳанд онро тибқи қонун ва шаффоф, меъёру кафолатҳои одилонаи иҷтимоӣ соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ кунанд;

    пурзӯр намудани чораҳои ҷавобгарӣ барои вайронкунандагони қонунгузории замин.

    Дар ҷамъбасти ҷаласаи Раёсати Девони Вазирон оид ба масъалаҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои таъмини баробарӣ ва шаффофият дар муносибатҳои замин, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ба замин ва ба сарвати бозор табдил додани онҳо» қарори дахлдор қабул гардида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates