Дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарияти Кумитаи давлатии андоз, Агентии идоракунии дороиҳои давлатӣ, БСТ "Микрокредитбонк", ҳокимиятҳои вилоятҳои Андиҷон ва Хоразм оид ба ташкили самараноки кор бо муроҷиати соҳибкорон ва ҳалли фаврии мушкилоти мавҷуда шунида шуд .

Дар ҷамъомад масъалаҳои самарабахшӣ ва амалии чораҳои оид ба рафъи камбудиҳои системавӣ андешидашуда, ки ҳангоми кор бо муроҷиатҳо дар шӯъбаҳои номбурда роҳ дода мешаванд, аз нигоҳи танқидӣ таҳлил карда шуд.

Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-июни соли равон аз 40 636 муроҷиате, ки ба қабулгоҳҳои Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон ворид шудаанд, 39 778 муроҷиат баррасӣ шуда, аз онҳо  22 514, ё 56,6 фоизи муроҷиатҳо ба таври мусбӣ ҳал карда шуданд.

Аз ҷумла, 15004 (36,9 фоиз) дархостҳоро масъалаҳои ҷудо кардани қарз, 5700 (14,1 фоиз) - ҷудо кардани замин, 1630 (4,0 фоиз) - гирифтани иҷозатнома ва литсензия, 1475 (3,6 фоиз) - андозбандӣ, 1278 (3,2 фоиз) таъминоти бефосилаи газ, қувваи барқ, об, 989 (2,4 фоиз) - ҷудо кардани биноҳо ва пардохти иҷора, 14 560 (35,8 фоиз) - масъалаҳои дигар ташкил медиҳанд.

Нисбати роҳбароне, ки ҳангоми баррасии муроҷиати соҳибкорон ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд, чораҳои интизомӣ андешида шуданд.

Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад супориш дода шуд, ки кори муназзам ва назорат аз болои баррасии саривақтии ҳар як муроҷиат, таъмини ҳалли мусбати масъалаҳои ба миён гузошташуда, инчунин баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ҳангоми кор бо муроҷиатҳои соҳибкорон пурзӯр гардонда шавад.