Дар Қоҳира бизнес-форуми Ўзбекистон-Миср баргузор гардид

    Тиҷорат 20 Fevral 2023 1626

    Дар Қоҳира дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Мисри Араб анҷумати тиҷоратии Ўзбекистон-Миср баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои соҳавӣ, инчунин ҳудуди 200 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишвар ширкат доштанд.

    Нотиқон мавҷудияти иқтидори назаррасро барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои саноатӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт қайд карданд.

    Дар доираи ҳамоиш аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳои соҳавӣ маърӯзаҳо шунида шуданд, ки дар онҳо лоиҳаҳои ояндадор дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ду кишвар муаррифӣ гардиданд.

    Ҳамин тариқ, иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки бо шароитҳои дар ин ё он бахш барои пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ дар Ӯзбекистон фароҳам овардашуда ҳамаҷониба шинос шуда, манфиатҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳо, пешниҳодҳои мушаххаси лоиҳавиро барои рушди минбаъдаи муштарак баррасӣ намоянд.

    Бо мақсади баррасии ҷанбаҳои амалии ҳамкорӣ дар самтҳо ва лоиҳаҳои мушаххас мулоқотҳои "G2B" ва "B2B" баргузор гардиданд. Формати муколамаи кушод хусусияти воқеии ҷорӣ гардид ва ба ҷонибҳо имкон дод, ки нуқтаҳои мушаххаси наздикшавии манфиатҳоро муайян кунанд.

    Дар ҷамъбасти анҷумани тиҷоратӣ доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кимиё, энергетика, саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, чарму пойафзол, рушди минтақаҳои саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин дар сохтмон ва дорусозӣ мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates