Бар асари обхезӣ 2000 нафар дар Камерун осеб дидаанд

    Тайи рӯзҳои ахир дар Камерун бар асари обхезӣ, ки бар асари боришоти шадид сар заданд, дастикам 2000 нафар осеб диданд.

    Ба гузориши Report, дар ин бора хадамоти хабарии Africa News хабар додааст.

    Минтақаҳои шимолии Камерун, аз ҷумла шаҳри Ягуа, аз ҳама бештар осеб диданд. Камаш 10 нафар ҳалок шуданд, тамоми маҳаллаҳо ва инчунин 185 мактаб зери об мондаанд.

    Дар саросари мамлакат зиёда аз 8 ҳазор хонаю бино хароб гардид. Даҳҳо ҳазор нафар маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд ва дар урдугоҳҳои муваққатӣ қарор доранд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates