Дар ин бора Вазорати энергетика хабар дод.

Таъкид гардидааст, ки 11–15 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Абузабӣ Ҳафтаи байналмилалии «Abu Dhabi Sustainability Week 2026» баргузор гардид.

Дар доираи ҳафтаина оид ба масъалаҳои маблағгузории лоиҳае, ки сохтмони неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 300 МВт ва низоми захиракунии энергия (BESS) бо иқтидори 75 МВт·соатро дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё дар бар мегирад, созишнома ба имзо расид.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хӯҷаев, вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзамаҳмудов, вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Муҳаммад ал-Мазруий ва директори генералии ширкати «Masdar» Муҳаммад Ҷамил Ал Рамаҳӣ иштирок намуданд.

Ин лоиҳа бо иштироки ширкати «Masdar»-и АМА дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мегардад.

Дар татбиқи лоиҳа захираҳои молиявии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва Бонки осиёии рушд ҷалб карда мешаванд. Инчунин, дар бастаи маблағгузорӣ маблағҳои ҳукуматҳои Канада ва Финляндия, захираҳо дар доираи фонди ҳамкорӣ бо Ҷопон ва абзорҳои бонкӣ пешбинӣ шудаанд.

Таъкид мегардад, ки пас аз ба кор даромадани лоиҳа, ҳар сол аз партови 280 ҳазор тонна моддаҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ карда мешавад, 231 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа мегардад, инчунин барои бо неруи барқ таъмин намудани тақрибан 280 ҳазор хоҷагӣ имкон фароҳам меояд.

Лоиҳаи Ғузор дар доираи лоиҳаҳои ширкати «Masdar» дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ӯзбекистон амалӣ шуда, иқтидори умумии онҳо тақрибан 2 ГВт-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ин самт аз 2 миллиард доллари ИМА афзудааст.