Дар ин бора дар хадамоти матбуоти оператори миллии идораи роҳҳои автомобилгарди "Қазавтожол" хабар дода шуд.
"Тақрибан соати 07:30 дар километри 28-уми шоҳроҳи "Алмаато - Уст-Каменогорск" (самти "Алмаато - Қонаев") садамаи нақлиётӣ бо иштироки 18 воситаи нақлиёт рух дод. Садама дар шароити тумани ғафс ба амал омад".
Бино бар маълумоти хадамоти матбуот, қурбониён ва осебдидагон нестанд.
Дар ширкат қайд карданд, ки сабаби садама риоя накардани суръати ҳаракат ва масофаи бехатар дар шароити маҳдудияти дидан мебошад. Тафсилоти ҳодиса муайян карда мешавад, хабар медиҳад tass.ru.