Тибқи маълумоти Бюрои Қазоқистон, Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев тағйироти навро ба Кодекс “Дар бораи никоҳ ва оила” тасдиқ намуд.
Пештар, барои дуздидани занҳо бо мақсади издивоҷи маҷбурӣ ҷазои аз 4 то 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд.
Тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои қонунӣ ворид карда шуд, на танҳо муҳлати ҷазоро зиёд кардд, балки ҷавобгарии ҳамаи иштирокдорони ин ҷинояти анъанавиро низ васеъ кард. Ҳамин тавр дар Кодекси ҷиноӣ моддаи нав бо номи «Мажбур кардани никоҳ» илова шуд. Акнун, амали хешовандоне, ки арӯсро нигоҳ медоранд, ҳамчун «ҷиноят бо иштироки гурӯҳи одамон» арзёбӣ мешавад. Барои чунин амалҳо, ҷазо аз 3 то 7 соли маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.
Дар ҷомеаи Қазоқистон масъалаи сахттар кардани ҷазо барои “дуздидани арӯс”-ҳо кайҳост матраҳ мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, аз соли 2019 то кунун 214 парвандаи ҷиноятӣ бо айби дуздидани занҳо боз шудааст, аммо танҳо 10-тои онҳо то ба суд расидаанд, хабар медиҳад report.az.









