Дар Чин се озмуни Бозиҳои байналмилалии артиш - AрМИ -2021 оғоз шуд

    Сарҳади ҳарбӣ 22 Avgust 2021 1195

    Маросими ифтитоҳи озмунҳои Бозиҳои байналмилалии артиш-2021 дар Корла, машқгоҳи маркази таълимии Нерӯҳои хушкигарди Артиши халқӣ-озодихоҳи Чин (АХОЧ) баргузор шуд.

    Имсол дар Ҷумҳурии Мардумии Чин се мусобиқа баргузор мешавад: "Осмони соф", ки дар он хидматчиёни ҳарбии зершуъбаҳои дифои зиддиҳавоӣ қувва меозмоянд, "Ҳамлаи суворовӣ" - мусобиқаи экипажҳои мошинҳои ҷангии пиёда ва "Муҳити бехатар" - қувваозмоии подразделенияҳои разведкаи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ (РКБ).

    Тибқи иттилои Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия, ҳамагӣ барои иштирок дар Бозиҳои байналмилалии артиш-2021 ба маркази омӯзиши қӯшунҳои хушкигарди Артиши халқӣ-озодихоҳи Чин 17 даста аз ҳафт давлат - Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Боливари Венесуэла, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва Ҷумҳурии Халқии Хитой омадаанд.

    Бозиҳои байналмилалии артиш-2021 аз 22 август то 4 сентябри соли равон дар қаламрави 11 давлат (Русия, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Ветнам, Эрон, Қатар, Қазоқистон, Чин, Сербия, Ӯзбекистон) баргузор мешаванд.

    Дар маҷмӯъ, зиёда аз панҷ ҳазор хидматчиёни ҳарбӣ, ки аз 277 даста аз 42 кишвар иборатанд, дар 34 мусобиқаи AрМИ-2021 иштирок мекунанд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates