Дар бораи ин ҳодиса рӯзномаи South China Morning Post (SCMP) хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки вирус бори аввал дар кӯршапараки ҷопонӣ (аз ҷинси кӯршапаракҳои биниҳамвор) дар Ҳонконг пайдо шудааст. Ба гуфтаи олимон, вируси мазкур, ки HKU5-CoV-2 номгузорӣ шудааст, метавонад тавассути сафедаҳои ACE2 ба ҳуҷайраҳои инсон ворид шавад.
Дар моҳи октябр муҳаққиқони Коллеҷи Империи Лондон тағйироти хурд, вале ченшавандаи когнитивиро дар одамони солим, ки махсус бо COVID-19 сироят ёфта буданд, ошкор карданд.
Дар моҳи июл олимони Донишгоҳи политехникии Вирҷиния (ИМА) паҳншавии васеи коронавируси SARS-CoV-2-ро байни ҳайвоноти ваҳшӣ муайян карданд. Мутахассисон намунаҳои гирифташударо аз бинӣ, даҳон ва хун аз 23 намуди гуногуни ҳайвонот таҳлил намуданд, хабар медиҳад lenta.ru.