Тибқи маълумоти CNA, масофа аз қисми поёни пул то умқи дара, ки дарёи Бейпан ҷорист, 625 метр буда, ин пули навро ба баландтарин пул дар ҷаҳон табдил медиҳад.

Сохтмони пули дараи Ҳуаҷян 3 солу 9 моҳ тӯл кашид ва барои он 2 миллиард юан (ҳудуди 280 миллион доллар) сарф шуд. Дарозии пул 2,9 километрро ташкил мекунад. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, пули нав вақти убур аз дараро аз “ду соат то ду дақиқа” кам мекунад ва ба кор даромадани лоиҳа шабакаи нақлиёти минтақавиро беҳтар намуда, “ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа такони нав мебахшад”.

Дар ҳамин музофот баландтарин пули қаблии ҷаҳон, пули Дуге (565 метр) ҷойгир буда, он дар болои дарае сохта шудааст, ки шохоби дарёи Бейпан ҷорист. Умуман гирем, ба гуфтаи мақомоти расмии Чин, дар вилояти Гуйчжоу тақрибан нисфи 100 пули баландтарини ҷаҳон ҷойгир аст, хабар медиҳад kommersant.ru.