Бар асоси гузоришҳо, дастикам 5 нафар кушта, 19 нафар захмӣ ва шаш нафар бедарак шудаанд.
Зикр мегардад, ки дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотдиҳӣ идома дошта, корҳои ҷустуҷӯии бедаракшудагон ташкил карда шудааст. Ба оилаҳои қурбониён кумак расонида мешавад.
Shandong Gaomi Youdao Chemical Co., Ltd пеститсидҳо ва маҳсулоти тиббӣ истеҳсол мекунад. Дар ин ширкат беш аз 500 нафар кор мекунанд, хабар медиҳад report.az.









