Дар ҶМЧ Форуми иқтисодёти рақамии “Чин ва СҲШ” кушода шуд

    Имрӯз, 23 август, дар яке аз бузургтарин марказҳои саноатии Чин - шаҳри Чунцин маросими ифтитоҳи Форуми иқтисодёти рақамии “Чин ва СҲШ” ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамии “Smart China Expo 2021” баргузор шуд.

    Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ба иштироккунандагони намоиш бо видеомуроҷиати шодбошӣ баромад карда, таъкид намуд, ки “Smart China Expo 2021” майдони беҳтарин барои роҳандозии ҳамкорӣ ва муаррифии дастовардҳои охирини соҳаи технологияҳои нав, инчунин маҳсулот ва моделҳо дар саноати смарт мебошад.

    Паёмҳо ба Форум ҳамчунин аз ҷониби мансабдорони баландпояи кишварҳои СҲШ - муовини аввали Сарвазири Белорус Николай Снопков, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завць Завцизода Амин, вазири саноат ва технологияҳои иттилоотии ҶМЧ Сяо Ясин садо доданд.

    Нотиқон дар ифтитоҳи форум ба аҳамияти роҳандозии ҳамкории муштарак дар соҳаи инноватсия, тиҷорати электронии фаромарзӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ, омода кардани мутахассисони IT, ҷорӣ намудани туризми “рақамӣ”, васеъ ҷорӣ намудани таҳсили фосилавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Зарурати истифодаи нерӯи ҷавонон, ташаккули ҳавзи соҳибкорони ҷавон, рушди бизнес-инкубаторҳои ҷавонон ва лоиҳаҳои стартап дар иқтисоди рақамӣ таъкид шуд. Дар поёни маросими ифтитоҳ, чорабинӣ идома ёфта, ба панҷ ҷаласаи мавзӯӣ тақсим карда шуд, ки дар ҳар яки онҳо дар баробари намояндагони Котиботи СҲШ, вакилони кишварҳои узви СҲШ иштирок карданд, хабар медиҳад агентии “Дунё”.

    Қобили зикр аст, ки Чунсин аз соли 2018 расман ба пойтахти Чин дар соҳаи саноати смарт ва пойтахти намоишгоҳи “Smart China Expo” табдил ёфтааст. Имсол вай тамоюлҳои рушди технологияро идома медиҳад. Технологияҳо ба монанди AR, MR, XR ва ғайра васеъ истифода мешаванд. Барои татбиқи платформаи намоишгоҳи онлайн аломатҳои визуалӣ, кинотеатрҳои виртуалӣ, пахши мустақим ва бисёр технологияҳои муосир истифода мешаванд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates