Дар ҷараёни амалиёти муштарак бо шуъбаи шаҳрии Қӯқанди Департаменти назди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ гумонбар дар лаҳзаи фурӯши купюраҳои қалбакӣ ба маблағи 50 миллион сӯм ба “харидори шартӣ” бо иваз намудани он ба 8 миллион сӯми ҳақиқӣ, бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.
Чорабиниҳои фаврӣ идома ёфта, дар натиҷаи кофтукови манзили зисти гумонбар, ки дар ҳузури шоҳидон гузаронида шуд, купюраҳои қалбакӣ бо арзиши номиналии 50, 100 ва 200 ҳазор сӯм ба маблағи умумии 315,5 миллион сӯм, инчунин купюраҳои қалбакӣ бо арзиши номиналии 100 доллари ИМА ба маблағи умумии 120 ҳазор доллари амрикоӣ пайдо ва мусодира гардиданд.
Нисбати шахси дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Барои муайян намудани шахсоне, ки ба ӯ пулҳои қалбакӣ расонидаанд, чораҳои зарурӣ идома доранд.
Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хотиррасон мекунад: муомилоти пулҳои қалбакӣ ҷинояти вазнин буда, боиси ҷавобгарии ҷиноятии ҷиддӣ мегардад. Ҳангоми анҷом додани амалиётҳои пулӣ эҳтиёткор бошед ва ҳақиқӣ будани купюраҳоро санҷед.








