Дар конфронс таҳти мавзӯъҳои: "Пешомади рушди сайёҳии корчаллонӣ дар вилояти Фарғона", "Роҳҳои рушди хоҷагии меҳмонхонадорӣ дар Ӯзбекистон", "Аҳамияти реклама ва маркетинг дар бозори хидматрасониҳои сайёҳӣ" ва дигарҳо маърӯзаҳо хонда мешаванд.
Барои маълумот: Туризми MICE сайёҳии тиҷорӣ буда, бо ин ном дар байни соҳибкорон маъруф аст. Имрӯзҳо аз хидмати саноати MICE бисёр корхонаю ташкилотҳо истифода мебаранд. Дар Ӯзбекистон тамоми чорабиниҳои зарурии MICE: вохӯриҳои корӣ, сафарҳои ҳавасмандкунӣ ва дастабилдинг, конфронсҳо, идҳои корпоративӣ ташкил карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Фарғона беш аз 1000 нафар соҳибкорон ба соҳаи сайёҳӣ машғуланд. Дар доираи лоиҳаҳои «Рушди муҳити соҳибкорӣ ва кочаллонӣ» ва «Рушди CBT-туризм (Community based tourism) дар Ӯзбекистон» семинарҳои омӯзишӣ барои ташаббускорони 12 МСГ-и махсус оид ба туризм дар ноҳияи Риштон ва беш аз 100 манзилҳои оилавии меҳмонӣ дар вилояти Фаргона ташкил карда шуданд.
Дар айни ҳол дар Фарғона 27 объекти ба сайёҳии соҳибкорӣ махсусонидашуда мавҷуд буда, 10 меҳмонхона, 10 толори тантанаҳо, 3 маҷмӯи бузурги савдо, 2 маркази ҷавонон (co-working), 4 муассисаи таълимӣ ва боз 4 хонаи фарҳанг аз ҷумлаи онҳост, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сайёҳӣ ва мероси маданӣ.