Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати обу хоҷагии қишлоқ ва коркарди саноатии ҶҚ хабар медиҳад.

«Ин тадбирҳо бинобар ба қайд гирифта шудани вируси Нипаҳ ва бо мақсади таъмини амнияти байторӣ-санитарии кишвар андешида шудаанд», — шарҳ доданд дар ин ниҳод.

Вируси Нипаҳ як сирояти хатарноки зоонозӣ ба шумор рафта, метавонад аз ҳайвонот ба инсон гузарад. Хадамоти байторӣ, рушди чорводорӣ, чарогоҳҳо ва хӯроки чорво ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз хариди маҳсулоти чорводории таъиноташон номаълум худдорӣ намоянд ва ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии байторӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, менависад kaktus.media.