Бар асари обхезӣ дар Мали 77 нафар ба ҳалокат расиданд

    Бар асари обхезии шадид дар Ҷумҳурии Мали дастикам 77 нафар ҳалок шуда ва 148 нафар ҷароҳат бардоштанд.

    Дар ин бора нахуствазири муваққати Мали Чогел Кокалла Майга дар ҷамъомади кумитаи байниидоравӣ оид ба бӯҳрон ва идоракунии офатҳои табиӣ хабар дод.

    “Дар натиҷаи обхезӣ 47 955 хонавода бо 264 ҳазору 648 нафар осеб дида, 77 нафари онҳо ҳалок ва 148 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд”, - гуфт сарвазир.

    Ба гуфтаи ӯ, бисёр биноҳои истиқоматӣ, мактаб, иншооти зерсохторӣ хароб шудаанд.

    Имсол обхезии бесобиқа дар саросари Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ дар маҷмӯъ тақрибан ба 4 миллион нафар осеб расонд. Аз ҳама бештар давлатҳои Нигерия, Чад, Мали, Гвинея, Ниҷер, Камерун, Гана ва Либерия зарар диданд, ки дар онҳо садҳо нафар кушта ва майдонҳои зиёди зироатҳои кишоварзӣ осеб дидаанд, хабар медиҳад report.az.

    Коршиносон бар ин назаранд, ки обхезии фалокатбор бар асари тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ рух додааст. Тибқи маълумоти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, ҳарорати миёна дар Сахел нисбат ба дигар кишварҳо якуним маротиба тезтар боло меравад.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates