Дар маҳаллаҳо микромарказҳо ташкил карда мешаванд

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи чораҳо оиди дар маҳаллаҳо ташкил кардани микромарказҳои саноатӣ, ҳунармандӣ, хоҷагидорӣ ва чорвопарварӣ" (ҚП № 331 аз 25.07.2022) қабул гардид.

    Тибқи қарор микромарказҳои саноатӣ, ҳунармандӣ, хоҷагидорӣ ва чорвопарварӣ бо мақоми шахси ҳуқуқӣ дар 421 маҳалла созмон дода мешаванд.

    Объектҳои моликияти давлатӣ ва замин барои ташкили микромарказҳо ба соҳибкорон ба мӯҳлати панҷ сол бо шартҳои зерин ба иҷора дода мешаванд:

    аз ҳисоби маблағҳои худ реконструкция ё таъмири асосии объект ё дар китъаи замин сохтани биною иншоот;

    дар микромарказ ташкил ва таъмин намудани на камтар аз 10 ҷойи корӣ дар соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, маишӣ ё на камтар аз 3 ҷойи корӣ дар соҳаҳои чорводорӣ.

    Бинобар андози замин ва андози молу мулк, ки аз шахсони юридикӣ бинобар объектҳои микромарказҳо ва қитъаҳои замини дар онҳо ҷойгиршуда ситонда мешаванд, ба мӯҳлати се сол аз рӯзи баҳрабардории микромарказҳо созмон дода шудаанд, ставкаи андоз ба миқдори 50 фоиз татбиқ карда мешавад, хабар медиҳад вазорати адлия.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates