Дар ин бора Report бо истинод ба Mirror хабар медиҳад.
Тибқи маълумот, шоми панҷшанбе дар ҳавопаймои American Airlines ҳангоми ҳаракат дар хатсайри фурудгоҳи байналмилалии Денвер дуд пайдо шуд, ки баъдан ба оташ мубаддал гардид.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, дида мешавад, ки мусофирон шитобон ҳавопайморо тарк мекунанд, баъзеи онҳо аз болои боли ҳавопаймо берун мешаванд. Ба гуфтаи шоҳидон, сабаби сӯхтор аланга гирифтани сӯзишвории реактивӣ будааст.
Роҳбарияти фурудгоҳ хабар дод, ки барои хомӯш кардани оташ гурӯҳҳои оташнишонӣ ҷалб шуда, мусофирон тавассути роҳравҳои пуфшаванда эвакуатсия карда шуданд. Дар бораи осебдидагон маълумот нарасидааст.