Ғ.Фозилов намояндагони Барномаро бо 30-солагии таъсисёбии БРСММ дар Ӯзбекистон табрик гуфта, ба фаъолияти лоиҳавии он дар кишвари мо, ки соҳаҳои гуногуни ҷомеаро фаро мегиранд, баҳои баланд дод.
И.Живкович ба ҷониби Ӯзбекистон барои ҳамкории зич ва дастгирии доимӣ дар фаъолияти Созмон дар ҷумҳурӣ изҳори сипос намуд.
Масъалаҳои мубрами ҳамкории Ӯзбекистон бо БРСММ, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси муштарак, аз ҷумла дар доираи татбиқи амалии Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, инчунин Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 баррасӣ гардиданд.
Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо тағирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди оқибатҳои манфии офати экологии баҳри Арал таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.