Ҷонибҳо ҳамкориҳои Ӯзбекистонро бо USAID муфассал баррасӣ намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки минбаъдаи амиқсозии ҳамкориҳои бисёрҷониба табодули афкор намуданд.
Пешниҳодҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак, ки ба рушди соҳаи тандурустӣ, модернизатсияи системаи маориф, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва тавсеаи савдои байналмилалӣ нигаронида шуданд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.