Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон, дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Амрико дар самти Афғонистонро баррасӣ карданд.
Сафир ба сиёсати ҳукумати Ӯзбекистон дар самти расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон баҳои баланд дода, ҳамчунин аҳамияти ҳамкории минбаъдаи наздики Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар роҳи ҳалли мусолиматомези Афғонистонро қайд намуд.
Тарафҳо дар бораи зарурати ноил шудан ба мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон, инчунин аз ҷониби мақомоти нави кишвар иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон.