Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид, ки солҳои охир фаъолона инкишоф ва густариш ёфта истодааст, баррасӣ гардид.
Масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар чунин соҳаҳо, аз қабили ҷорӣ намудани технологияҳои устувор ва каммасраф, савдои байналмилалӣ, нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд.
Дар бораи татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба рӯзномаи «сабз», аз ҷумла оид ба рушди энергетикаи офтобӣ ва шамол дар Ӯзбекистон табодули афкор сурат гирифт.
Тайёрии мутақобила барои ҳамкории зич дар оянда аз рӯи ҳамаи масъалаҳое, ки ба самтҳои асосии фаъолияти КИА дохил мешаванд, изҳор карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.