баннер
13 Apr 2025
04:20

    Дар ВКХ Ӯзбекистон бо ҳайати вакилони нозирони Муғулистон мулоқот барпо гардид

    28 октябри соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқоти муовини вазир И.Ҳайдаров бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Муғулистон – Ӯзбекистон» С.Эрдэнэбат ва нозирони Муғулистон баргузор гардид.

    Меҳмон сатҳи баланди омодагӣ ба интихоботро дар Ӯзбекистон ва мутобиқати онро ба меъёрҳои байналмилалии демократӣ, бахусус дар шаҳри Бухоро, ки дар он ҳайати вакилон ҳузур доштанд, қайд кард.

    Ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва самтҳои нави ояндадори рушди онҳоро баррасӣ карданд.

    Диққати махсус ба бунёди шарикӣ дар соҳаи чорводорӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, содироти маҳсулоти нассоҷии Ӯзбекистон ба Муғулистон зоҳир гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech