Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо сафири Беларус мулоқот баргузор шуд

    27 феврали соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Алоев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус Леонид Мариничро ба ҳузур пазируфт.

    Ҷанбаҳои мубрами муколамаи сиёсии Ӯзбекистону Беларус дар заминаи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ, аз қабили ИДМ ва СҲШ баррасӣ шуданд.

    Ҷадвали чорабиниҳои барои соли ҷорӣ ба нақша гирифташуда, аз ҷумла дар доираи таҷлили 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ӯзбекистон ва Беларус мувофиқа карда шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates