Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот бо Сафири Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид

    Муовини вазири корҳои хориҷӣ Ғайрат Фозилов бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон Шарлотта Адриан мулоқот кард.

    Зимни мулоқот масъалаҳои кунунии ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки ба таҳкими робитаҳои мутақобила ва рушди устувор нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ҷонибҳо зарурати истифодаи самараноки имконоти ниҳодҳои ҳамкории муштарак, аз ҷумла ташкили вохӯриҳои мунтазами онҳоро дар соли 2023 қайд карданд.

    Муҳимияти бунёди лоиҳаҳои муштарак дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои рақамисозӣ, иқтисоди "сабз", энергетика, муҳити зист ва тағирёбии иқлим таъкид гардид.

    Ҳамчунин оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳҳои гуногун табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates