Дар доираи чорабинӣ ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Русия масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои бисёрҷониба, инчунин пешниҳодҳо оид ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадорро баррасӣ карданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Қайд гардид, ки энергетикаи «сабз», норасоии об ва мушкилоти экологӣ рӯз то рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунанд.