Дар ВССХ бо ширкати «China State Construction» мулоқот баргузор гардид

    Дар вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти муовини вазир Ойбек Ҳамроев бо муовини директори «China Construction» Сианг Шанмоу ба амал омад.

    Дар ҷараёни он дурнамои ширкати иштироки ширкати чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳо дар Ӯзбекистон ҷиҳати бунёди инфрасохтори шаҳрӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуд.

    Ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар ин самтҳо бо ҷорӣ намудани коркардҳои инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадам изҳори ҳавасмандӣ намуд. Дар навбати худ ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минбаъдаи ширкати чинӣ дар кишвари мо изҳор дошт.

    Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкорӣ дар самти омодасозии лоиҳаҳои муштарак ба тавофуқ расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ.

    Барои маълумот: корпоратсияи сохтмонӣ ва муҳандисии CSCEC соли 1982 таъсис ёфта, бузургтарин гурӯҳи корпоратсияҳои сармоягузорӣ ва сохтмонӣ дар ҷаҳон буда, бевосита ба ҳукумати Чин итоат мекунад. Дар соли 2021 арзиши умумии қарордодҳои CSCEC ба 450,5 миллиард доллар расид. Ширкат дар рӯйхати Fortune 2021 дар байни 500 ширкати бузургтарини ҷаҳон дар ҷои 13-ум қарор дорад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates