Ба Намангон сад автобуси нав оварда мешавад

    Нақлиёт 25 Avgust 2023 1672

    Муовини ҳокими вилояти Намангон Саидаҳмад Султонов бо президенти ширкати «Yutong Bus Co., LTD» бинобар кишварҳои ИДМ Ҷефф Сяо ва ҳайати он мулоқот анҷом дод.

    Дар мулоқот масъалаҳои ба навсозии ҳайати ҳаракати корхона марбут, ки бо мусофиркашонӣ, хариди автобусҳои замонавӣ ва ташкили хидматрасонӣ ба онҳо ба мақсади баланд бардоштани сифати хидмати нақлиётӣ ба аҳолии вилояти Намангон машғуланд, баррасӣ гардиданд.

    Дар рафти гуфтушуниди байни ширкати «Хумо авто плюс» ва «Yutong Hongkong Limited» барои харидани сад автобуси модели ZK6890HG шартнома ба имзо расид.